Истиқболи Пешвои миллат дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд
Опубликовано чт, 29/03/2018 - 13:02 пользователем tvtИмрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар идомаи тантанаҳои ҷашни Наврӯз, шиносоӣ бо ҷараёни корҳои бунёдкорию созандагӣ ва ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ ба шаҳри Хуҷанд ташриф оварданд.