Изҳороти муштарак аз натиҷаи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ҳиндустон
Опубликовано сб, 17/12/2016 - 15:33 пользователем tvtПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 14-18 декабри соли 2016 боздиди давлатӣ аз Ҷумҳурии Ҳиндустон анҷом дод. Маросими истиқболи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Раштрапати Бҳаван ва мулоқотҳои ӯ бо Президент Пранаб Мукерҷи, Муовини президент М.Ҳамид Ансорӣ ва Сарвазир Нарендра Модӣ сурат гирифтанд.