Президенти Бонки Осиёии Рушд ба хотири таҳким бахшидани ҳамкориҳо ба Тоҷикистон омад
Опубликовано чт, 26/10/2017 - 17:57 пользователем adminТавре иттилоъ додем, субҳи имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон президенти Бонки Осиёии Рушд Такехико Накаоро ба ҳузур пазируфтанд. Дар ҷараёни мулоқоти мазкур роҳҳои боз ҳам бештар ва амиқтар таҳким бахшидан ба ҳамкориҳои 20 солаи Ҳукумати мамлакат бо Бонки Осиёии Рушд мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.