Тоҷикистон ва ҷаҳон

Истиқболи Пешвои миллат дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Прагаи Ҷумҳурии Чехия

Шоми дирӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз  анҷом додани боздиди корӣ дар шаҳри Будапешти Маҷористон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Прагаи Ҷумҳурии Чехия шуд.

Мулоқоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо сафирони Тоҷикистон дар кишварҳои Аврупо

Имрӯз дар шаҳри Будапешт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо сафирони Тоҷикистон дар кишварҳои Аврупо мулоқоти корӣ доир намуданд.

Дар мулоқот самтҳои асосии ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон бо ин кишварҳо дар бахшҳои мухталифи мавриди таваҷҷӯҳ баррасӣ карда шуд.

Суханронии Пешвои миллат дар ҷаласаи Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об

Мӯҳтарам аъзои Панели сатҳи баланд,
Мӯҳтарам иштирокчиёни ҷаласа,

Нахуст мехостам  сипоси худро ба ҷониби Венгрия  ва Президент Янош Адер барои  ҳусни танзими  Саммит ва ҷаласаи  ин Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об изҳор намоям.

Моҳи сентябри соли ҷорӣ Панели мазкур Нақшаи амалҳо иборат аз 9 мавзӯи авзалиятнок ва 48 амалро қабул намуд.

Страницы