Рӯзи баргузории иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи Душанбе муайян гардид
Опубликовано сб, 08/04/2017 - 12:24 пользователем tvtҚарори навбатии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи даъват намудани иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи Душанбе, даъвати панҷум ба тасвиб расид.
Тибқи қарори мазкур иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум, 18 апрели соли 2017, соати 9:00 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, 80 баргузор мегардад.