Тоҷикистон ва ҷаҳон

Дар Душанбе сафари расмии қарибулвуқӯи Президенти Туркманистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов 19 октябр муовини вазири корҳои хориҷии Туркманистон Бердинияз Мятиевро, ки ҷиҳати муҳокимаи масоили марбут ба сафари расмии қарибулвуқӯи   Президенти Туркманистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

Дар Конибодом Маркази барқарорсозӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд кушода шуд

Бахшида ба 25-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом, Ташкилоти ҷамъиятии «Имдоди Ғайрат» ва бо кумаки Сафорати  Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом маркази будубоши рӯзона барои кӯдакони дорои имконияти маҳдуд мавриди истифода қарор дода шуд.

«ТОҶИКИСТОН-2017»: дар намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии универсалӣ дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намоиш гузошта мешаванд

Нимаи дуюми моҳи ноябр дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и Душанбе  бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  намоишгоҳ-ярмаркаи  байналмилалии  универсиалии «Тоҷикистон-2017» баргузор мегардад.

Тавре аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар намоишгоҳ  доираҳои тиҷоратӣ ва соҳибкорони ватанию хориҷӣ ширкат менамоянд.

Страницы