Тоҷикистон ва ҷаҳон

Мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сарвазири Ҷумҳурии Туркия

12 декабри соли равон дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ дар шаҳри Истанбул мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Ҷумҳурии Туркия Биналӣ Йилдирим баргузор гардид.

Дар ҷараёни мулоқот доираи васеи масъалаҳои вобаста ба муносибат ва ҳамкорӣ миёни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ноҳияи Дарвоз Маркази тавонбахшӣ дари худро ба рӯи кӯдакони имконияташ маҳдуд боз кард

Бо дастгирии созмонҳои Иттиҳоди Аврупо ва Миссияи Шарқ яке аз биноҳои бекормонда дар маркази ноҳияи Дарвоз таъмир карда шуда, дар ихтиери кудакони имконияташ маҳдуд гузошта шуд. Намояндаи созмони Миссияи Шарқ Худоназар Ҳоҷимамадов гуфт, ки мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳия як биноро барои Марказ тавонбахшӣ ҷудо карданд ва бо харҷи беш аз 10 ҳазор сомонӣ ин бино таъмир гардид.

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ҶАМЪБАСТ ШУД: шаҳри Душанбе- намунаи ибрат

Дирӯз дар бинои афсарони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба иҷрои талаботи Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти Ситоди ҷумҳуриявии даъвати тирамоҳии  соли 2017 баргузор гардид.

Страницы