Тоҷикистон ва ҷаҳон

«ЧОЙХОНАИ ЛАБИ ҶАР». Дар Душанбе китоби нави Темур Зулфиқоров ба нашр расид

«Чойхонаи лаби ҷар»- таҳти чунин унвон китоби нави шоир, нависанда ва драматурги тоҷик Темур Зулфиқоров ба нашр расид.

Ба иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, китоби мазкур дар нашриёти Адиб» бо теъдоди 1000 нусха интишор шудааст.

Мубодилаи барқияҳои табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков

Имрӯз миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков ба муносибати 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду давлат мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.

Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 13 январи соли 2018 №12
ш. Душанбе

Дар бораи Раиси Кумитаи бехатарии
озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Камолзода Ф.В.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Камолзода Фарҳод Воҳид Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Страницы