Тоҷикистон ва ҷаҳон

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қирғизистон

Баррасии масоили вобаста ба рушди муносиботи дӯстӣ ва густариши ҳамкории бисёрпаҳлӯи ду кишвар дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо оғоз гардида, дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ҳар ду ҷониб идома ёфт.

Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт

Имрӯз дар доираи сафари расмии худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, ки дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт ҷойгир аст, гулчамбар гузошт.

Дар ин маросим меҳмони олимақомро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.

Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони деҳоти дурдасти водии Бартанги ноҳияи Рӯшон кумаки моддӣ расонд

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар арафаи таҷлили ҷашни Сада, ки яке аз қадимтарин идҳои мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад, ба сокинони деҳоти дурафтодаи  водии Бартанги ноҳияи Рӯшон кумаки моддӣ расонд.

Страницы