Тоҷикистон ва ҷаҳон

Ифтитоҳи майдони варзишии «Душанбе Арена» дар кӯчаи Умари Хайёми шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми 19 март бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Умари Хайёми ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар ҳудуди Донишгоҳи аграрӣ майдони варзишии «Душанбе Арена» мавриди истифода қарор гирифт.

Мулоқоти Пешвои миллат бо зиёиёни мамлакат

19 марти соли 2018 дар Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ чун анъанаи накуи баҳорӣ бо зиёиёни мамлакат мулоқоти самимию судманд анҷом доданд.

Навид аз Парлумон: Созишномаи байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Ӯзбекистон оид ба мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон тасдиқ гардид

Имрӯз  палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон – Маҷлиси намояндагон  Созишномаи  байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандонро тасдиқ намуд.

Страницы