Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои истиқоматии 12-ошёнаро дар шаҳри Бохтар мавриди истифода қарор доданд
Опубликовано вт, 22/09/2020 - 18:32 пользователем admin2Дар кӯчаи ба номи Садриддин Айнии шаҳри Бохтар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои баландошёнаи истиқоматиро ифтитоҳ карданд.
Бинои нав 12-ошёна буда, дорои 80 хонаи истиқоматии як, ду ва сехуҷрагӣ мебошад.
Дар назди бино майдончаи бозӣ ва дилхушии кӯдакону наврасон сохта шудааст. Ҳамчунин дар шафати он таваққуфгоҳи мошинҳо низ мавҷуд мебошад.