Хабар

Маркази миллии тестӣ дар 9 ноҳияи ҷумҳурӣ имтиҳонҳои озмоишӣ баргузор менамояд

Аз 25 то 29 декабр дар 9 ноҳияи ҷумҳурӣ барои 418 нафар хатмкунандаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ имтиҳонҳои озмоишӣ баргузор хоҳанд шуд. Дар ин бора аз Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

ОГОҲӢ: 26-27 декабр дар Тоҷикистон бориши бошиддати борон ва барф дар назар аст

26-27 декабр дар ноҳияҳои алоҳидаи вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ эҳтимоли ба амал омадани бориши шиддатноки борон ва барф дар назар аст. Ҳамзамон дар шохи дарахтон ва ноқилҳои барқӣ часпиши барфи тар аз эҳтимол дур набуда, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд.

Дар Душанбе боз 200 бинову иншоот ба шабакаҳои гармидиҳӣ пайваст мегарданд

Барои пайваст намудани боз 200 бинову иншооти пойтахт  ба шабакаҳои гармидиҳӣ дар давраи зимистони солҳои 2021-2022 таклиф пешниҳод намоед, — чунин дастур доданд ба сохторҳои дахлдор Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар  иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум, ки имрӯз дар пойтахти мамлакат  баргузор  гардид.

Страницы