БОНГИ ИЗТИРОБ! Сокинони шаҳраки Дарбанд кай бо оби тозаи нӯшиданӣ таъмин мешаванд?
Опубликовано пт, 07/05/2021 - 13:53 пользователем adminЗиёда аз 5 сол мешавад, ки сокинони шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод ба мушкили нарасидани оби нӯшокӣ дучоранд. Имрӯзҳо мардуми маркази ноҳияи Нуробод барои таъмини хонаводаҳояшон бо оби нӯшокӣ ба воситаи мошинҳои обкаш оби тоза харидорӣ менамоянд ё бо дигар воситаҳо аз беруни маркази ноҳия оби нӯшокӣ меоранд.