Хабар

Иштироки Пешвои миллат дар ҷаласаи якуми Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ кард.

Cуханронии Президент дар ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонон

Муҳтарам аъзои Шӯро!
Ҳозирини гиромӣ!
Нахуст мехоҳам ҳамаи шумо — аъзои Шӯро ва дар шахсияти шумо ҳамаи ҷавонони кишварро бори дигар бо Рӯзи ҷавонон ва аввалин ҷаласаи Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти мамлакат табрик намоям.
Ҳадаф аз таъсиси Шӯро дар ҳузури Президенти мамлакат мавриди баррасӣ қарор додани масъалаҳои вобаста ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон мебошад.

Страницы