Хабар

Тоҷикистон дар раддабандии нави FIFA 9 зина боло рафт

Дар раддабандии нави FIFA, ки дирӯз мунташир шуд, дастаи мунтахаби Тоҷикистон 9 зина боло рафта, аз зинаи 140 ба 131 баромад. Ин нишондиҳанда баъди ғалабаи футболбозони мо дар ду бозии охиринашон бар дастаҳои мунтахаби Туркманистон(3:0) ва Афғонистон (1:0) ба даст омадааст. Миёни дастаҳои мунтахаби Осиё низ мавқеи Тоҷикистон беҳтар шуд ва дар зинаи 20-ум қарор дорад.

Тоҷикистону Ҳиндустон робитаҳои тиҷоратию иқтисодии худро таҳким мебахшанд

Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон 29 ноябри соли равон соати 17:00 дар Меҳмонхонаи «Шератон»-и шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Дурнамои муносибатҳои тиҷоратӣ байни Ҳиндустон ва Тоҷикистон» семинар баргузор мекунад.

Иштироки Сафири Тоҷикистон дар Конгресси солонаи Агентии энергетикии Олмон

24 ноябр Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов бо даъвати Агентии энергетикии Олмон (DENA) дар Конгресси байналмилалӣ дар бахши энергетика бо шиори «Гузариш ба сарчашмаҳои алтернативии энергия» ширкат намуд.

Страницы