«Ман писари Ватанам!» — озмуни расми беҳтарин дар ноҳияи Деваштич
Опубликовано чт, 23/02/2017 - 14:40 пользователем tvtДар муассисаҳои таълимии томактабии №1, 2 ва 3-и ноҳияи Деваштич бо ташаббуси ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия бахшида ба таҷлили Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни расми беҳтарин таҳти унвони «Ман писари Ватанам!» байни кӯдакон баргузор гардид. Дар ин бора аз бахши таблиғоту иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич хабар доданд.