Хабар

Ифтитоҳи як қатор иншооти нав дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ва анҷоми сафари корӣ дар вилояти Суғд

Нимаи дуюми рӯзи 25 марти соли 2017 дар рӯзи сеюми сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд як қатор иншооти таъиноти гуногуни хизматрасониро ифтитоҳ намуданд.

Маросими наврӯзӣ дар боғи Ваҳдати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Дар доираи сафари корӣ ба як қатор шаҳру навоҳии вилояти Суғд, нимаи дуюми имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими наврӯзӣ дар боғи «Ваҳдат»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирок варзиданд.

Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими наврӯзӣ дар боғи Ваҳдати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Басо рамзист, ки тайи чанд соли охир мулоқоти мо бо шумо — сокинони сарбаланду заҳматдӯсти вилояти Суғд дар рӯзҳои  ҷашни муқаддаси миллӣ ва ойини зиндагисози миллиамон — Наврӯз баргузор мегардад.

Страницы