Хабар

Ҷалби ширкатҳои бузурги Арабистони Саудӣ дар татбиқи лоиҳаҳои соҳаи энергетика баррасӣ шуд

Имрӯзҳо шароити мусоид барои сармоягузорон ва соҳибкорон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳайё карда шудааст. Ин нуктаро Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода дар мулоқот бо Раиси ширкати тиҷоратии «Al-bassami Group Co» Абдуллоҳ Муҳаммад Ал- Бассомӣ, ки дирӯз дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, баён кард.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво аз 16 то 18 дараҷа гарм мешавад.

Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои байниидоравии ҳамоҳангсоз оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон баргузор гардид

Дирӯз дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои байниидоравии ҳамоҳангсоз оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар шаҳри Душанбе доир гардид.
Тавре аз шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, ҷаласа таҳти раёсати Раиси Шӯро, муовини Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Назирмадзода сурат гирифт.

Страницы