Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Опубликовано пт, 19/10/2018 - 17:04 пользователем tvtФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи Сафири Фавқулодда
ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония
озод намудани Ҳамрохон Зарифӣ
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Ҳамрохон Зарифӣ аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония озод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон


16 ноябри соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як рӯйдоди муҳими сарнавиштсоз ба вуқӯъ мепайвандад, ки он дар таърихи миллати тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад гардид. Интизор меравад, ки дар ин рӯзи фархунда чархаи аввали яке аз иншооти муҳиму бузурги аср — «Неругоҳи барқи обии /НБО/ «Роғун» ба кор дароварда шавад.
Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба зодрӯзи мутафаккири барҷаста МавлоноҶалолиддини Балхӣ симпозиуми байналмилалии илмӣ таҳти унвони «Мавлоно — васлгари халқҳо ва тамаддунҳо» ба кори худ оғоз кард. Дар он олимону муҳаққиқон ва донишмандон аз давлатҳои Тоҷикистон, Туркия,Ӯзбекистон, Эрону Афғонистон ва Германия иштирок доранд.