Марҳамат ба ҷашнгоҳҳо! Ба истифода додани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро дар Душанбе бо мушакпарронии идона пешвоз мегиранд
Опубликовано чт, 15/11/2018 - 09:11 пользователем tvtТавре қаблан иттилоъ додем, 17 ноябри соли равон дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» — и шаҳри Душанбе намоиши театришуда бахшида ба маросими ба истифода додани агрегати якуми Неругоҳи барқии обии «Роғун» баргузор мегардад. Ҳамчунин дар ин рӯз баъди анҷоми намоиш ба муддати 5 дақиқа мушакпарронии (фейерверки) идона сурат мегирад.


Саҳм гузоштан дар бунёди иншооти муҳиму тақдирсоз — Неругоҳи барқи обии “Роғун”, ки онро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Кохи нури Тоҷикистон” ва “ҳаёту мамоти мардуми тоҷик” номида буданд, барои ҳар як фарди дилогоҳ шараф аст.