Хабар

Тоҳир Мӯъминов сармураббии нави дастаи «Истаравшан» интихоб гардид

Тоҳир МӯъминовТоҳир Мӯъминов- яке аз футболбозони номии кишвар  сармураббии нави дастаи «Истаравшан»-и Истаравшан интихоб гардид. Дар ин бора директори дастаи мазкур  Асрор Шораҷабов хабар дод. Шартнома бо Тоҳир Мӯминов ба муддати ду сол ба имзо расидааст. 

Дар маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд Наврӯзи байналмилалӣ пуршукӯҳ таҷлил мешавад

Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани Наврӯзи байналмилалӣ шурӯъ аз 16 марти соли равон дар маҳаллаи Тути калон ва мувофиқи нақша, дар тамоми маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд барномаҳои наврӯзӣ бо пухтани суманак ҷараён мегиранд. Дар ин бора аз хадамоти Раиси шаҳри Хуҷанд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Лижаронҳои навраси тоҷик ба Корея сафар карданд

Лижарон16-17 марти соли равон   дар шаҳри Гангвони Кореяи Ҷанубӣ Чемпионати 28-уми Осиё оид ба лижаронии кӯҳӣ миёни наврасон баргузор мешавад.

Дар ин бора корманди  Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ   ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод.

Страницы