Хабар

Сафорати Тоҷикистон дар Франсия хони наврӯзӣ орост

Сафорати Тоҷикистон дар Франсия19 марти соли 2019 бо ташаббуси сафоратҳои кишварҳои ҳавзаи Наврӯз (Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Озарбойҷон, Ироқ, Ҳиндустон, Покистон, Туркия, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон) дар қароргоҳи Комиссияи СММ оид ба соҳаи маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) чорабинии муҳташам бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз доир гардид

Дар Наврӯзгоҳи Душанбе барномаи «Ганҷи Наврӯзӣ» баргузор мешавад

НаврӯзгоҳПагоҳ, 22 марти соли 2019, соати 18:00, дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт ба ифтихори ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ таҳти унвони «Ганҷи наврӯзӣ» намоиши театрикунонидашуда баргузор мешавад.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд тантанаҳои наврӯзӣ идома доранд

ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти СуғдИмрӯзҳо дар саросари ҷумҳуриамон тантанаҳои идонаи наврӯзӣ ҷараён доранд. Мардуми соҳибистиқлоли мамлакатамон  иди хуҷастапайи Наврӯзи байналмилалиро дар фазои сулҳу ваҳдат пуршукӯҳ таҷлил менамоянд. Дар ин радиф ҷамоату шаҳракҳои ноҳияи овозадори вилояти Суғд – Бобоҷон Ғафуров низ намои идона гирифтаанд.

Страницы