Суғд: озмуни «Олими сол-2018» ҷамъбаст ва ғолибони он муайян гардиданд
Опубликовано чт, 25/04/2019 - 20:38 пользователем admin
Дар Муассисаи давлатии таълимиии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров озмуни «Олими сол-2018» дар бахши илмҳои гуманитарӣ ва дақиқ ҷамъбаст ва ғолибони он муайян гардиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази иттилоот ва таҳлили Донишгоҳи мазкур хабар доданд.


Варзишгари маъруфи тоҷик, чемпиони Бозиҳои олимпӣ Дилшод Назаров дар мусобиқаи гурзандозии Чемпионати Осиё оид ба варзиши сабук, ки дар шаҳри Доҳаи Қатар ҷараён дорад, аз ҳамаи рақибонаш пеш гузашта, унвони қаҳрамониро соҳиб гардид.
Дирӯз, тахминан соати 21:00-дар кӯчаи Аҳмади Дониши шаҳри Душанбе дар натиҷаи боришоти зиёди борон яке аз чоҳҳои амудӣ (калодетс) пур аз об шуда, ба ноқилҳои баландшиддати қувваи барқ, ки аз зери замин мегузаштанд об расида, расишҳои кӯтоҳи барқӣ ба амал омад, ки он сабаби ба вуқӯъ пайвастани садамаи хурд гардид.