Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон истгоҳи обполоиро дар КВД «Обу корези Душанбе» ифтитоҳ намуданд
Опубликовано ср, 15/01/2020 - 13:05 пользователем admin
15 январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ба марҳилаи дуюми истгоҳи обполоӣ ва обтаъминкунии «Худҷореъ»-и Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» оғози расмӣ бахшиданд


14 январ дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовара баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти соли 2019-ро мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор доданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода бо нозирони минтақавии шаҳри Душанбе вохӯрӣ намуд, ки дар он Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ шарҳ дода шуд.