Хабар

Имрӯз дар Душанбе иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум баргузор мешавад

Имрӯз, соати 16:00, дар шаҳри Душанбе иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум баргузор мегардад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Номзадии Рустами Эмомалӣ ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешбарӣ гардид

Имрӯз дар Конференсияи ташкилотҳои Ҳизби  Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ номзадии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз ҳавзаи интихоботии №25 ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешбарӣ гардид. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Субҳон Кошонов имрӯз дар синни 66-солагӣ аз олам даргузашт

Субҳон Кошонов, журналисти маъруф, собиқ сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият» ва  раиси кумитаи иҷроияи  Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» имрӯз дар синни 66-солагӣ аз олам даргузашт.  

Субҳон Кошонов соли 1953 таваллуд шудааст.

Страницы