«Сомон Эйр» парвозҳоро муваққатан дар масири Душанбе –Урумчӣ қатъ намуд
Опубликовано пт, 31/01/2020 - 16:57 пользователем admin
Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» қарор қабул намуд, ки моҳи феврали соли 2020 парвозҳоро дар масири Душанбе-Урумчи-Душанбе муваққатан қатъ намояд. Ширкати ҳавопаймоӣ аз мусофирони худ барои эҷоди нороҳатӣ, ки бо сабаби таъмини бехатарӣ ба амал омадааст, узрхоҳӣ менамояд.


Президенти Ҷумҳурии Сербия Александр Вучич Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддинро дар чоҳорчӯби сафари расмияш 30 январ дар Белград ба ҳузур пазируфт.
Давоми соли 2019 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд аз ҷониби соҳибкорон 19 корхонаи саноатӣ, 1 сардхона, 8 гармхона ва 5 фермаи чорводорию парандапарварӣ ба истифода дода шуд.