Нуриддин Саид: «Кормандони соҳаи телевизион ва радио дар хориҷи мамлакат такмили ихтисос хоҳанд кард»
Опубликовано ср, 05/02/2020 - 15:31 пользователем admin
«Кормандони шабакаҳои телевизиони давлативу хусусӣ ва радиоҳои мамлакат минбаъд ба курсҳои омӯзишии семоҳа ва шашмоҳаи такмили ихтисос ба хориҷи мамлакат фиристода мешаванд», — иттилоъ дод Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид имрӯз, 5 феврал зимни нишасти хабарии ин ниҳод.


Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар пойтахт гурӯҳи таблиғотӣ таъсис ёфт. Намояндагони гурӯҳи мазкур бо сокинони шаҳр мулоқоту суҳбатҳо доир намуда, муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 26 декабри соли 2019-ро шарҳ медиҳанд.
Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе — яке аз масҷидҳои калонтарин моҳи март, қабл аз ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ба истифода дода мешавад.