Шурӯъ аз имрӯз дар Тоҷикистон парвозҳо ба Душанбе ва аз Душанбе ба дигар самтҳо қатъ мегарданд
Опубликовано пт, 20/03/2020 - 22:39 пользователем admin
Шурӯъ аз имрӯз дар Тоҷикистон тамоми хатсайрҳо ба Душанбе ва аз Душанбе ба дигар самтҳо мавқуф гузошта шуданд. Ҳамаи ширкатҳои ҳавопаймоӣ огоҳ гардиданд, ки парвозҳо дар фурудгоҳҳо қабул карда намешаванд.


Шаш нафар шаҳрвандони ҷумҳуриро, ки шояд бо беморони гирифтори коронавирус муносибат доштаанд, аллакай ба карантин фаро гирифта, чаҳор нафари дигарро ҷустуҷӯ доранд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Мутобиқи маълумоти сардори Хадамоти ҳифзи шаҳрвандии Италия Анжело Боррелли, тӯли шабонарӯз 427 бемори гирифтори коронавируси COVID-19 фавтидаанд. Ҳамин тариқ, дар ин кишвар шумораи умумии қурбониёни ин маризӣ 3405 нафарро ташкил медиҳад.