Хабар

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи манъ намудани воридоти воситаҳои нақлиёти автомобилии соли бароришашон то соли 2013 ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 2 августи соли 2023 №355
ш. Душанбе

Дар бораи манъ намудани воридоти воситаҳои нақлиёти
автомобилии соли бароришашон то соли 2013 ба ҳудуди
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Талаботи ҷаҳонии тилло дар шашмоҳаи аввал аз ҳисоби хариди фаъоли бонкҳои марказӣ нигоҳ дошта шуд

Талаботи умумӣ ба тилло, аз ҷумла ҷараёнҳои биржавӣ ва ғайрибиржавӣ дар шашмоҳаи аввали соли 2023 2460 тоннаро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5% афзудааст. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус рӯзи сешанбе Шӯрои ҷаҳонии тилло (WGC) маълумот додааст.

Дар ин санад таъкид шудааст, ки ба истифодаи тилло хариди рекордии бонкҳои марказӣ, шароити мусоиди сармоягузорӣ ва талаботи устувор ба ҷавоҳирот таъсири мусбат расонидааст.

ЯРМАРКАИ МАКТАБӢ ДАР ҲИСОР. Дар се коргоҳи дӯзандагии шаҳр бояд 44 ҳазор либоси мактабӣ дӯхта шавад

Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор дар Маркази савдои байналмилалии  шаҳр ярмаркаҳои мактабӣ ташкил карда шуд.

Ташкили нуқтаи фуруши либосҳои мактабӣ ва лавозимоти хониш дар маркази   шаҳр   барои  хонандагон ва падару модарони онҳо, инчунин омӯзгорону кормандони соҳаи маориф тадбири муҳим ва саривақтӣ мебошад.

Страницы