Хабар

Дар ноҳияи Айнӣ 4 узви як оила ҳангоми убур бо заврақи худсохт дар дарёи Искандар ғарқ шуданд

14 август, тахминан соати 09:50, 4 нафар сокинони деҳаи Махшевади ноҳияи Айнӣ ҳангоми убур бо заврақи худсохт аз болои дарёи Искандар дар об ғарқ шудаанд. Ин 4 нафар узви як оила мебошанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар Душанбе доир ба самарабахш кардани фаъолияти маҳфили ҷавонон ҳамоиш доир шуд

Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Муассисаи давлатии «Душанбе Плаза»  дар мавзӯи роҳҳои самарабахш кардани фаъолияти маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» ҳамоиш баргузор гардид.

Аз 17 то 26 август дар Тоҷикистон амалиёти «Бачаҳо» мегузарад

Вобаста ба оғоз гардидани соли хониши 2020-2021  аз 17 то 26 август дар қаламрави ҷумҳурӣ амалиёти «Бачаҳо» гузаронида мешавад. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Страницы