китобдорӣ

2 апрел-Рӯзи умумиҷаҳонии китоби бачагона: китоб пайвандгари тавонову ногусастании наслҳост

Чтение книгКитоб ба истилоҳ аз мураккабтарин офаридаҳо буда, давраи ниҳоят  тўлонии  таърихиро аз сар гузаронидааст.  Тавассути китоб наслҳои оянда ба ҳақиқати объективии ҳаёти ҷамъиятии ниёгон, фаҳмиши илмию бадеии онон шинос мешаванд. Дар инкишофи  дунёи  маънавии  инсон  китоб  ба  муқаддастарин воситаи зиндагӣ табдил ёфтааст.