Дирӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ вохӯрии Раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода бо ҷавононе, ки дар донишгоҳу донишкадаҳои шаҳри Душанбе таҳсили илм доранд, баргузор гардид.
Ислом Зиёзода зикр кард, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017-ро Соли ҷавонон эълон карда, таъкид намуданд, ки «Ҳукумати мамлакат масъалаҳоеро, ки ба сиёсати давлатии ҷавонон алоқаманданд, дар маркази диққати худ қарор медиҳад ва барои дастгирии иқдомҳои бунёдкоронаи ҷавонон тамоми чораҳои заруриро амалӣ мегардонад».
«Аз нахустин рӯзҳои соҳибистиқлолии кишвар Ҳукумати мамлакат ба тарбия ва дастгирии ҷавонон диққати хоса медиҳад. Ҳоло Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент бахшида ба Соли ҷавонон бунёди Қасри ҷавонон, иншооти гуногуни варзишӣ, ҷалби бештари ҷавонон ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ барои ҷавононро ба нақша гирифтааст»,- гуфт Раиси шаҳри Панҷакент.
Имрӯзҳо ҷавонони шаҳри Панҷакент бо хоҳиши худ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил шуда, хизмати Модар- Ватанро ба ҷо меоранд.
Ҳоло дар муассисаҳои олии касбии кишвар зиёда аз 3 ҳазор нафар ҷавонони шаҳру деҳоти Панҷакент таҳсил менамоянд.
АМИТ "Ховар"