«ТАШАББУСИ ҶАҲОНИИ СММ -75». Дар Тоҷикистон маъракаи калонтарини Дабири кулли СММ роҳандозӣ мешавад

Соли 2020 дар Тоҷикистон маъракаи  калонтарини Дабири кулли СММ оид ба ояндаи  ҷаҳон, ки ба муносибати 75-солагии  созмони мазкур эълон шудааст, оғоз мешавад.

«Ман бо камоли майл муждаи дар Тоҷикистон амалӣ шудани  маъракаи бошукуҳи Дабири  кулли СММ оид ба ояндаи ҷаҳонро, ки аз ҷониби СММ ба ифтихори 75-солагии ин созмон эълон шудааст, ба самъи шумо  мерасонам», — омадааст дар паёми ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон Пратибҳа Меҳта, хабар медиҳад  БРСММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар паём зикр шудааст, ки СММ соли 1945 бо мақсади  дастгирии амалҳои дастаҷамъона   ба хотири сулҳ, рушд ва таъмини  ҳуқуқҳои ҳар як сокини сайёра таъсис ёфта буд.  Аз он замон то имрӯз  олам дигар шудааст, вале авлавиятҳои асосӣ тағйирнопазиранд. Ҳалли чунин масъалаҳо, аз қабили нобаробарӣ, тағйирёбии  иқлим, тамоми шаклҳои зӯроварӣ, ки ба ноил шудан ба мақсадҳо дар бахши рушди устувор халал мерасонанд, назари умумии моро барои оянда, ҳамкориро бидуни  марзҳо, бахшҳо ва наслҳо  тақозо мекунад.

Ташаббуси ҷаҳонии  СММ-75  ба гуфтгӯи умумиҷаҳонӣ ва амалҳо дар он хусус, ки мо чи тавр метавонем, сарфи назар аз хатарҳои зикршуда, ҷаҳонро беҳтар созем, мекӯшад. Ин ташаббус  барои баргузор намудани музокирот дар ҳамаи сатҳҳо, аз синфхонаҳо то толори  ҷаласаҳо,  аз парлумон то сатҳи  қабилаҳо; бо такя ба ҷавонон, занон ва духтарон ва садои  онҳое, ки аксаран  шунида намешавад, имкон фароҳам меорад.

«Маъракаи густурдаи миллӣ  дар  Тоҷикистон  ба хотири муҳокимаи масъалаҳои марбут ба ояндаи мо ва фарзандону набераҳоямон оғоз мегардад. Ба маърака ҷавонон ва калонсолон, занон ва мардон, соҳибкорон, хоҷагидорон, хизматчиёни давлатӣ, аъзои парлумон, духтарчаҳо ва писаракон, чӣ дар деҳот ва чӣ дар шаҳрҳо фаро гирифта мешванд», — зикр намуд  Пратибҳа Меҳта.

Андешаҳое, ки дар ҷараёни суҳбатҳо ҳосил мешаванд, барои ташккули назари ҷаҳонӣ дар соли 2045,  вақте 100-солагии СММ таҷлил мегардад, мусоидат менамояд.  Ҳар як овоз ба  дарки хатарҳо  дар роҳи ноил шудан барои чунин оянда ва ҳавасмандгардонии  дастаҷамъонаи  амалиёт барои татбиқи ин назар кумак мерасонад.

« Ин ҷаҳони мо  ва ояндаи  мост.  Хоҳиш менамоям,  то ба ман ҳамроҳ шавед, ба хотири он ки ҳар шахс дар дилхоҳ  гӯшаи Тоҷикистон тавонад  ақидаи худро дар бораи чӣ гуна будани ояндаи умумии  мо баён намояд», —  гуфта мешавад дар хотимаи паём.

АМИТ «Ховар»

Tags: