Тантанаҳои ҷашни Наврӯз дар Китобхонаи миллӣ бо баргузории маҳфил барои хонандагони маъюб оғоз шуданд

Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ барои хонандагони имконияташон маҳдуд барномаи фарҳангӣ доир намуд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» Абдураҳими Абдуқаҳҳор иттилоъ дод.

-Наврӯзи бостонӣ, ки хусусияти барҷастаи он ҷашни хурсандии хурду бузург, яъне тамоми мардум мебошад, дар кишвари мо ба шарофати истиқлоли давлатӣ бо рамзу ойинҳои бисёр дерина ва рангу таровати басо дилчаспу зебандаи худ эҳё гардида, ба яке аз дӯстдоштатарин ҷашнҳои миллии сокинони Тоҷикистони биҳиштосоямон табдил ёфтааст. Ин нуктаро  муовини якуми Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Салима Раҷабзода зимни суханронӣ дар ин маҳфил изҳор дошт.

Зикр гардид, ки мардуми тоҷик – марду зан, пиру ҷавон, ҳама ин ҷашнро интизорӣ мекашанд, барои истиқболи арзандаи он омодагӣ мегиранд, расму ойинҳои наврӯзиро бо хурсандиву хушҳолии зиёд ва дастҷамъона ба ҷо оварда, беҳтарин нияту орзуҳои худро ба Наврӯз, ки Соли нави аҷдодиамон мебошад, пайванд медиҳанд.

Раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода иброз намуд, ки «ҷашни Наврӯз бо анъанаву одатҳои худ миёни мардуми тоҷик хеле маъруф аст. Аз ҷумлаи суннатҳои неки ин ҷашн- аёдати шахсони барҷомонда ва имконияташон маҳдуд мебошад, ки дар мисоли тантанаи имрӯзаи мо  роҳандозӣ гардидааст».

Баъд аз суханронии масъулин қисмати фарҳангии барнома идома ёфт, ки дар он сарояндаи шинохтаи кишвар Тобиш Ҳилолӣ, Париноз Акназарова, Алимуҳаммад Фақиров,  Матлуба Раҳимова ва аъзои фаъоли шуъба  бо сурудҳои тозаэҷоди баҳорӣ хотири ҳозиринро шод намуданд.

Дар фарҷом ба иштирокчиён аз ҷониби Иттифоқи касабаи мустақили Тоҷикистон туҳфаҳо тақдим гардиданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: 

Маводҳои ҳамсон