Талаби модари рус аз Трапм: Одамгарӣ кунед!

Модари Константис Ярошенко,  сарнишини русиягӣ, ки барои интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир дар ИМА 20 сол маҳкум шуда буд,  бо иншои мактубе аз президенти тозатаъйини Амрико Доналд Трамп хоҳиш кардааст, то фарзандашро авф кунад.
Ба иттилои расонаҳои хориҷа хонум Ярошенко дар номаи худ аз ҷаноби Трамп талаб кардааст, ки “ба шаҳрванди бегуноҳ, ноодилона маҳкумшуда ва мефавтидаи русиягӣ” раҳм кардаву одамгарияшро нишон диҳад.
“ Фоҷаеи  бади ба сари фарзандам омада, дарди тани маиб ва зиндагии ӯ маро водор сохт то барои ғолибияти Шумо дар интихобот ва иттифоқ миёни ду давлати бузургамон дуо кунам”, - гуфта шудааст дар мактуб.
Модари сарнишини рус ҳамчунин аз тақдири фарзандаш изҳори нигаронӣ кардаву гуфтааст, ки дар маҳбас ба сари ӯ ҳодисаи ислоҳнопазире рух доданаш мумкин аст: Ӯ гирифтори як дунё бемориҳост, ки чанде аз онҳо хеле вазнинанд. Дар шароити зиндон ба ӯ ёрии заруриро расонидан ғайримумкин аст. Ман дар пеши Шумо таъзим кардаву хоҳиш мекунам то раҳм кардаву фарзанди маро наҷот диҳед”.
Хонум Любов Ярошенко ҳамчунин дар муроҷиатномааш исботи бегуноҳии фарзандашро дар ҳаҷми 61 саҳифа замима кардааст. Ин асноди бегуноҳии фарзанди ӯ дар тӯли чандин сол аз ҷониби адвокаташ Алексей Тарасов ҷамъоварӣ шудааст.
Бояд гуфт, ки қаблан ин модар ба унвони раисҷумҳури қаблии ИМА Барак Обама ду маротиба нома равон карда буд, ки ҳардуяш ҳам беҷавоб боқӣ монда буд. Моҳи ноябри соли гузашта расонаҳо ҳадс мезаданд, ки эҳтимол пас аз президентшавии Трамп Ярошенко аз маҳбас озод карда шавад.
Ярошенкоро моҳи майи соли 2010 аз Либерия бо ҷурми интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир кардаву сентябри соли 2011 барои 20 сол пушти панҷара равон карда буданд.

Tags: