Тақриз ба китоби “Ҳуқуқи журналист (маҷмуи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ)”

Назираи Сарфароз, номзади илмҳои фалсафа, муовини директори “Телевизиони Тоҷикистон” кори арзандаеро анҷом додааст. Яъне санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи воситаҳои ахбори омма ва журналистикаро (дар ҳолати то 20 апрели соли 2022) дар як маҷмӯа мураттаб намуда, онро ҳам дар шакли электронӣ (www.tvt.tj huquqi-jurnalist) ва ҳам дар шакли чопӣ манзури хонандагон гардонидааст. Китоби мазкур бо қарори Шӯрои илмии Маркази миллии қонунгузории нази Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чоп тавсия шудааст.

Сароғоз ба маҷмӯаи мазкур аз ҷониби доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, узви Маҷлиси миллии  Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Д.С. Раҳмон ва муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Каримзода сарсухани пурмуҳтавое навишта, онро ҳамчун раҳнамо ва дастури ҳуқуқие муаррифӣ карда, нисбат ба он баҳои баланд додаанд.

Муаллиф дар ибтидо моддаҳои асосии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба иттилоот, ВАО ва журналистика рабт доранд, гулчин карда, дар давомаш санадҳои ҳуқуқии байналмилалию миллиро ҷамъ намуда, онҳоро вобаста ба аҳамият, дараҷа ва предмети танзим ба чаҳор боб ҷудо намудааст.

Боби якум бахшида шудаааст, бевосита ба санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки маҳз фаъолияти редаксияҳои ВАО ва журналистонро ба танзим медароранд. Дар ин боб санадҳои зерин гирдоварӣ шудаанд:

  • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ”;
  • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма”;
  • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он”;
  • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иттилоот”;
  • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иттилоотонӣ”;
  • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи иттилоот”;
  • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот”;
  • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ;

Боби дуюм ба санадҳои меъёрию ҳуқуқие бахшида шудааст, ки соҳаҳои дигарро ба танзим медароранд, аммо ба фаъолияти ВАО ва журналистон ҳам рабт доранд, яъне онро қисман фаро мегиранд. Дар ин боб санадҳои зерин гулчин шудаанд:

  • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи реклама”;
  • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кино”;
  • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фарҳанг”;
  • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ";
  • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сирри давлатӣ”;
  • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба терроризм”;
  • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба экстремизм”;
  • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо”;
  • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи криптография”;
  • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ”;
  • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи имзои электронии рақамӣ”;
  • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи алоқаи барқӣ”;
  • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иттилооти экологӣ”;
  • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо”;
  • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият”;
  • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ”;
  • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сирри тиҷоратӣ”;
  • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”.

Ғайри қонунҳои зикршуда муаллиф моддаҳои алоҳидаро, ки ба журналистика дахл доранд, аз таркиби кодексҳои гуногун гулчин карда, дар ҳамин боб ҷойгир кардааст, аз ҷумла аз кодексҳои зерин:

  • Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ( қисмҳои 1, 2 ва 3);
  • Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

           Ҳамзамон муаллиф Қарорҳои Пленуми Суди олӣ, ки ба журналистика дахл доранд, ҷамъоварӣ карда, дар ин боб ҳамроҳ кардааст (Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ошкоро будани муҳокимаи судӣ ва ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо”; Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи аз ҷониби судҳо татбиқ намудани қонунгузорӣ оид ба ҳифзи шаъну шараф ва эътибори кории шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ”).

Дар боби сеюм муаллиф ба санадҳои зерқонуние аҳамият додааст, ки онҳо бевосита фаъолияти ВАО ва журналистонро танзим менамоянд, аз ҷумла:

  • Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма”;
  • Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Низомномаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Консепсия сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ барои солҳои 2010 – 2025;
  • Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025;
  • Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 – 2015;
  • Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2024;
  • Низомномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Барномаи давлатии рушди соҳаи табъу нашр ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026;
  • оидаҳои ягона барои сомонаҳои расмии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар шабакаи интернет;
  • ҳристи ҳуҷҷатҳо ва сарчашмаҳои иттилоотие, ки бояд ҳатман ба Маркзи миллии патентию иттилоотии Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Дар боби чорум санадҳои байналмилалие мураттаб шудаанд, ки куллан ё қисман ба фаъолияти ВАО ва журналистон бахшида шудааст, аз ҷумла:

  • Эъломияи умумии ҳуқуқи башар;
  • Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои фитрӣ ва сиёсӣ;
  • ҳдномаи созмони байналмилалии моликияти зеҳнӣ оид ба ҳуқуқи муаллиф;
  • Созишнома байни ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи воситаҳои ахбори омма;
  • Созишнома оид ба таъсиси инфрасохтори иттилоотии фаъолияти иноватсионии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шакли системаи густурдаи иттилоотӣ ва портали Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил “Иттилоот барои фаъолияти иноватсионии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил”.

Умуман дастури мазкур натанҳо барои журналистон, балки барои донишҷӯён, магистрон, аспирантон, докторантон, омӯзгорон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва намояндагони дигар касбу кор метавонад ҳамчун як маводи муътамаде баромад намояд.

Албатта имрӯзҳо дастрасӣ ба санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ тавассути интернет хеле осон мебошад. Аммо дар шакли густурда ва мантиқона гулчин шудани санадҳои ҳуқуқӣ дар як соҳа, кори заргаронаи як мутахассиси варзида аст.

Гуфтибоб аст, ки Назираи Сарфароз ин кори муҳими хайрро дар сатҳи баланди касбӣ анҷом додааст ва хуб мешавад, ки ҳар сол онро пайгирӣ намояд. Зеро қонунгузорӣ сол ба сол тағйирпазир аст. Мо умедворем, ки оянда китоби мазкурро муаллиф боз такмил намуда, дар таҳрири нав манзури мо мегардонад.

Шакли PDF-и Китоб: Ҳуқуқи журналист (маҷмуи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ)

Манобеъ: Сомонахои....

-----------------------------------------

 

Tags: