Суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин
Опубликовано вс, 07/10/2018 - 18:36 пользователем admin
7 октябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Роҳбари давлати мо Эмомалӣ Раҳмон бо ибрози беҳтарин таманниёт Владимир Путинро ба муносибати зодрӯзаш сидқан табрик намуданд.


Шоми имрӯз Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин вориди пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе гардид.
Дар Душанбе Намоишгоҳи таърихию гуманитарӣ вобаста ба 25-умин солгарди баимзорасии «Аҳдномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва кумаки мутақобилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия» баргузор мегардад.