Дар Душанбе нишасти коршиносони аршади давлатҳои арабӣ, Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор гардид
Опубликовано пн, 16/10/2017 - 11:46 пользователем admin
15 октябри соли 2017 дар Душанбе дар остонаи Иҷлосияи дуюми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон дар шаҳри Душанбе нишасти коршиносони аршади давлатҳои арабӣ, Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Нишасти коршиносони аршадро муовини якуми


Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди нигарониҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар робита ба озмоиши навбатии силоҳи ҳастаӣ 3 сентябри соли 2017 дар Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Корея ҳамақида мебошад ва изҳор менамояд, ки ин гуна иқдомҳои таҳрикомези Пхенян таҳдидҳои ҷиддӣ ба амнияти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ эҷод менамоянд.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид ва Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ (БРСММ) дар Тоҷикистон хонум Пратибха Меҳтаро 19 апрел ба ҳузур пазируфт.