Вахш

Гузоштани санги асос ба сохтмони бинои Коллеҷи аграрии вилояти Хатлон дар маркази ноҳияи Вахш

Дар деҳоти Рӯдакии ноҳияи Вахш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ба сохтмони бинои Коллеҷи аграрии вилояти Хатлон оғози расмӣ бахшиданд.
Зимни муаррифии лоиҳаи ин иншоот ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки арзиши лоиҳа  14 миллион сомониро ташкил дода, барои 600 нафар хонанда пешбинӣ шудааст.