Турсунзода

«САВГАНД БА НОМАТ, ЭЙ ВАТАН!». 211 нафар наваскарон дар шаҳри Турсунзода қасами садоқат ёд карданд

20 апрели соли равон дар назди пайкараи И.Сомонии шаҳри Турсунзода бахшида ба савгандёдкунии 211 нафар наваскарони қисми низомии 6592-и Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ маросими тантанавӣ доир гардид.

Дар шаҳри Турсунзода асарҳои тасвирӣ ва ҳунари тарроҳони Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомӣ намоиш дода шуданд

Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар осорхона ва китобхонаи ба номи М.Турсунзодаи шаҳри Турсунзода Намоиши асарҳои рассомию тарроҳӣ ва ҳунарҳои миллии омӯзгорону донишҷӯёни Муассисаи давлатии «Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М.Олимов» баргузор гардид. Дар намоиш зиёда аз 70 асари омӯзгорону донишҷӯён, аз ҷумла санъати тасвирию наққошӣ, заргарӣ, кандакорӣ дар чӯб, бофандагии бадеӣ, кулолгарӣ, тарроҳии

Суханронии Пешвои миллат ба ифтихори ҷашни Наврӯз

Ҳамдиёрони азиз!
Ҳозирин ва меҳмонони гиромӣ!

Кулли мардуми шарифу фарҳангии Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ, халқҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз, хурду бузурги мардуми заҳматкашу сарбаланди шаҳри Турсунзода ва ҳамаи шумо, ҳозирини арҷмандро ба ифтихори Наврӯзи фархундаву оламафрӯз — ҷашни бедории табиат ва инсон самимона табрик мегӯям.

Страницы