Президенти Молдова Игор Додон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои ИДМ ба Душанбе ташриф овард
Опубликовано чт, 27/09/2018 - 11:39 пользователем adminШаби 26 ба 27 сентябри соли равон Президенти Молдова Игор Додон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ вориди шаҳри Душанбе гардид.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олимақомро муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим ва дигар шахсони расмӣ истиқбол намуданд.