Дар Душанбе корҳои омодагӣ ҷиҳати таҷлили Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Опубликовано вт, 02/04/2019 - 20:56 пользователем admin
Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе тасдиқ гардид. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 1 апрели соли 2019 ба имзо расид.


«Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади беҳтар гардонидани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон 23 марти соли равон бо яке аз ширкатҳои Ҷумҳурии Туркия шартномаи ҳамкорӣ баст, ки мувофиқи он дар марҳилаи аввал 40 адад ва марҳилаи дуюм 24 адад автобусҳои мусофиркаши тамғаи «ISUZU» ба шаҳри Душанбе ворид мегарданд.