Рустами Эмомалӣ

Рустами Эмомалӣ бо мақсади таъмини шаффофият зимни додани қитъаҳои замин барои сохтмон, таҷдиду таъмир ва иҷозати сохтмон ба шахсони воқеию ҳуқуқӣ комиссия таъсис дод

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо  мақсади таъмини шаффофият зимни додани қитъаҳои замин барои сохтмон, таҷдиду таъмир ва иҷозати сохтмон ба шахсони воқеию ҳуқуқӣ комисся таъсис дод. Ҳайати ин комиссия тасдиқ гардид.   Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид.

Ба истифода додани пули роҳи оҳан дар хиёбони Ҳофизи Шерозии шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар хиёбони Ҳофизи Шерозӣ воқеъ дар назди Муассисаи давлатии Наврӯзгоҳи пойтахт пули роҳи оҳанро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти мазкур бо гузашти солҳо фарсуда шуда, ба таъмир ниёз пайдо карда буд.

Ифтитоҳи Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Ҷавонон» дар шаҳри Душанбе

19-уми марти соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар вазъияти тантанавӣ Боғи фарҳангӣ- фароғатии «Ҷавонон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Страницы