Рамазон

ТАБРИКОТИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон

Ҳамватанони азиз!

Фардо барои мусулмонони ҷаҳон моҳи шарифи Рамазон фаро мерасад. Ба ин муносибат мардуми шарифи Тоҷикистонро самимона табрик мегӯям.

Рамазон дар ҳаёти мусулмонон айёми озмоиши ирода, сабру таҳаммул ва ба камол расонидани дигар хислатҳои неки инсонӣ ба ҳисоб меравад.

Омодагии бозорҳои пойтахт ба моҳи шарифи Рамазон мавриди санҷиш қарор дорад

Тавре огоҳӣ дорем, чанд соли охир баробари фаро расидани моҳи шарифи Рамазон дар мамлакат аз ҷониби баъзе тоҷирону савдогарони бозорҳо бе  ягон асос  боло бурдани нархи маҳсулоти ниёзи аввалия, аз ҷумла, гӯшт,  орд, равған, биринҷ, тухм ва шир ба мушоҳида мерасид, ки  ин боиси ташвиши аҳолӣ мегардид. Махсусан ин ҳолат бештар дар пойтахти  ҷумҳурӣ – шаҳри Душанбе ба назар мерасид.

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон: 17 май – рӯзи аввали моҳи шарифи Рамазон

Тибқи қарори Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии  Тоҷикистон, имсол моҳи шарифи Рамазон 17 майи соли 2018 (баробар ба 1438 ҳиҷрӣ — қамарӣ), ки ба рӯзи панҷшанбе рост меояд, шурӯъ хоҳад шуд. Дар ин бора аз Раёсати Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.