Ба истифода додани бинои истиқоматӣ барои 200 оилаи хизматчиёни давлатӣ дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе
Опубликовано ср, 21/02/2018 - 12:54 пользователем tvtИмрӯз бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе бинои 12 — ошёнаи иборат аз се қисм барои 200 оилаи хизматчиёни давлатӣ, аз ҷумла, 40 оилаи кормандони низомӣ мавриди истифода қарор дода шуд.