Суханронии Пешвои миллат ба муносибати таҷлили ҷашни Наврӯз дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе
Опубликовано вс, 25/03/2018 - 19:07 пользователем tvtҲамватанони азиз!
Меҳмонони арҷманд!
Ҳозирини гиромӣ!
Ҷашни байналмилалии Наврӯз – Соли нави мардумони ориёиро, ки якҷо бо фасли баҳор, яъне айёми эҳёи табиат сарзамини мо, аз ҷумла пойтахти азизамон – шаҳри Душанберо боз ҳам дилкашу зебо гардонидааст, ба кулли мардуми мамлакат ва ҳамаи сокинони пойтахти кишвари соҳибистиқлоламон табрик мегӯям.