Пешвои миллат

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 27 ва Маркази саломатӣ дар деҳаи Паркамчии ноҳияи Данғара

Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Паркамчӣ Маркази саломатӣ ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 27 — ро ифтитоҳ карданд.

Ифтитоҳи Корхонаи муштараки «Муосир» дар ноҳияи Данғара

Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди корхонаи муштараки «Муосир» оғози расмӣ бахшиданд.

Оғози фаъолияти навбати аввали корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фарм Текс»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон навбати аввали корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фарм Текс»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо фаъолияти он аз наздик шинос шуданд.

Корхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ бунёд шуда, ба истеҳсоли маводи басту банди тиббӣ, косметологӣ ва истифодаи гигиенаи шахсӣ машғул буда, дар маҷмӯъ 13 номгӯй маҳсулот истеҳсол менамояд.

Страницы