Пешвои миллат

Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи Синхуаи шаҳри Пекин

Муҳтарам ректори Донишгоҳи Синхуа,
Дӯстони азиз,

Барои ман шарафи бузург аст, ки унвони ифтихории профессори соҳаи иқтисодро дар яке аз маъруфтарин донишгоҳҳои Чин бипазирам.

Аз Шӯрои илмии Донишгоҳи Шумо, ки ин ифтихорро барои ман муносиб донистааст, сидқан сипосгузорам.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон — Профессори фахрии Донишгоҳи Синхуаи шаҳри Пекин

Рӯзи 1 сентябри соли 2017 дар шаҳри Пекин вохӯрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи Синхуа, ҳамчунин ҳайати донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои олии таълимии Чин таҳсил доранд баргузор шуд.

Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистон ва Чин

Имрӯз сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони Тянанмэни шаҳри Пекин бо маросими бошукуҳи истиқболи расмӣ оғоз гардид.
Меҳмони олиқадр, Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин самимона пешвоз гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуд.

Страницы