Истиқлолияти давлатӣ - рамзи олии Ватану ватандорӣ
Опубликовано пт, 08/09/2017 - 09:21 пользователем tvt«Рӯзи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон барои миллати куҳанбунёд ва сарбаланди тоҷик бузургтарин ва шукӯҳмандтарин санаи сиёсиву таърихӣ ба ҳисоб меравад.
Ин сана барои мо – тоҷикон рӯзи ба ҳақиқат табдил ёфтани ормонҳои ҳазорсолаи ниёгонамон ва натиҷаи талошҳои халқи куҳанбунёди мо барои расидан ба соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ мебошад.