Парлумон

Пешгирии бемории саратон дар мадди назари Парлумон қарор дорад

Имрӯз дар ноҳияи Рашт бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон ва фаъолони ноҳияи Рашт дар мавзӯи «Пешгирии бемории саратони гарданаки бачадон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷамъомад баргузор шуд.

Ба қонуни иттифоқҳои қарзӣ тағйирот ворид карда мешавад

Вакилони  палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ояндаи наздик ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои қарзӣ» тағйиру иловаҳо ворид мекунанд. Масъалаи мазкур имрӯз дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёни  Парлумони Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, Раиси  Маҷлиси намояндагон доир гардид, баррасӣ шуд.

Зикр гардид, ки ҳадаф  аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур мутобиқ намудани он ба Конститутсия ва талаботи дигари қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар Тоҷикистон дар бораи бехатарии сейсмикӣ қонуни нав қабул мегардад

parlumon.jpgОяндаи наздик Парлумони Тоҷикистон қонун дар бораи бехатарии сейсмикиро қабул хоҳад кард. Лоиҳаи қонуни мазкур 13 феврал дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон дар ҳузури Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагон баррасӣ шуд.

Страницы